Дар Бадахшон ба ифтихори ҷашни Меҳргон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҷашни Меҳргон бо риояи расму суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид, ки ба ифтихори ин сана ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ярмарка-фурӯш, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи вилоят баргузор шуд, маҳсулоти кишоварзӣ, аз намуди сабзавоту мевагӣ, гӯшту шир, орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва донагию маҳсулоти консервашуда бо нархи арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва ҳайати расмӣ аз ярмарка– фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва мавриди ниёзи аввал дидан намуда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани он баҳои баланд доданд.
Маросимро Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ифтитоҳ намуд. Муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода зикр кард, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки гузаштагони мо онро бо шукӯҳу ҷалоли ба худ хос таҷлил мекарданд.



Тазаккур дода шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар қатори дигар идҳои миллӣ — Садаву Наврӯз дубора эҳё гардида, таҷлили он бо риояи тамоми расму оинҳои аҷдодӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ин ҷашн ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори Ватан ботантана таҷлил мегардад.
Воқеан ҳам ҷашни Меҳргон таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, дорои беҳтарин арзишҳои умумибашарӣ ва тарбиявӣ мебошад. Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосили деҳқон дониста мешавад. Гузаштагонамон ҷашни Меҳргонро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, аҳду паймон ва дӯстию муҳаббат ба оини меҳрпарастӣ рабт медоданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин ҷашн зикр карданд, ки «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамоянд».
Ҳамзамон дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Дар идомаи тантанаи ҷашни Меҳргон инчунин ба ғолибони озмуни «Сайри гулҳои хонагӣ», ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ роҳандозӣ гардида буд, мукофоти пулӣ супорида шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: МИҲД ВМКБ










«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад






