Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 14, 2022 15:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади содаву шаффоф намудани ҷараёни бақайдгирии соҳибкорӣ, низоми «Равзанаи ягона» оид ба бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирии соҳибкорӣ аз 49 то 3-5 рӯз коҳиш дода шуд ва ин тадбир ба афзоиши босуръати шумораи субъектҳои соҳибкорӣ такони муҳим бахшид. Ин нукта имрӯз дар ҳамоише, ки дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони шарикони рушд доир гардид, зикр шуд.

Дар  ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иттилоъ доданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зикр кард, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр Рӯзи соҳибкорон  эълон гардида, ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллиро мунтазам амалӣ менамояд.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби соҳибкорон ба раванди ислоҳот Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият дорад.

Шӯро майдони муколамаи озод миёни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ буда, таҳти сарварии Раиси Шӯро, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 22 ҷаласаи он гузаронида шуд. Якчанд ислоҳоти муҳим дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, энергетика, сохтмон, сайёҳӣ, суғурта, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, тиҷорати электронӣ, рушди соҳибкории бонувон ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт гузаронида шуданд, ки имрӯзҳо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Зикр шуд, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда чор маротиба, аз ҷумла имсол низ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардид.

Дар самти коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ислоҳоти назаррас гузаронида шуда, аз ҷумла, дар натиҷаи ислоҳот дар самти ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо шумораи онҳо аз 605 то 57 номгӯй коҳиш дода шуд.

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Таъкид шуд, ки аз оғози замони истиқлолият рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳанӯз 11 августи соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Ин барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

АКС: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Октябрь 14, 2022 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид