Дар Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд

Октябрь 20, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.

Дар вохӯрӣ доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, захираи маводи ғизоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ таъкид карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул кардаанд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда доранд ва ҳамарӯза ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат менамоянд.

Доир ба аҳамияти таърихии санади сарнавиштсози миллат — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Ҳошимзода гуфт, ки «ин иҷлосия бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд».

Вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, иброз дошт, ки «он барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои бузурги офарандагӣ гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таърихӣ ва бунёдии давлатдориро тарҳрезӣ намуд».

Сипас Ғайрат Азиззода бо интихобкунадагон суҳбати озод намуда, ба пурсишу дархостҳои онҳо посух гуфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Октябрь 20, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид