«ДИГАРГУНШАВИИ САЙЁРА». Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 9-уми вазирони муҳити зист дар Никосия иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар пойтахти Кипр- шаҳри Никосия Конфронси 9-уми вазирони муҳити зист таҳти шиори «Дигаргуншавии сайёра» оғоз ёфт, ки дар доираи он баргузории барномаҳои иловагӣ оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо ва самтҳои рушди устувор, экология ва муҳити зист ба нақша гирифта шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Тоҷикистонро дар ин конфронс Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби коршиносони Кумита Шарҳи сеюми фаъолияти экологӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо мақсади баррасии фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таҳияи баррасии фаъолияти чоруми экологии Тоҷикистон ширкат дорад.
Дар назар аст, ки бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳти унвони “Моҳияти таҳияи таҳлили фаъолияти экологӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ” барномаи иловагӣ ва дигар вохӯриҳои дуҷониба баргузор шаванд.
Конфронс то 7 октябр идома меёбад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






