«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, 46 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар маросими супоридани ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки озмуни мазкур ҳамасола бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар қаламрави кишвар бо ташаббус ва таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар озмуни имсола довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои шакли нав, устодону муаллимон, аспирантҳову докторантҳо донишу маҳорати баланд нишон доданд, ки қобили қадрдонӣ мебошад.
Акс: МИҲД ВМКБ










Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






