Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивали VI байналмилалии адабӣ ба номи Максим Горкий иштирок намуд
ТУРСУНЗОДА, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 8 октябри соли 2022 дар Нижний Новгород ва вилояти Нижегородски Федератсияи Россия Фестивали VI байналмилалии адабӣ ба номи Максим Горкий баргузор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адабии Анҷумани халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози миллии Ҷунбиши «Шеъри ҷаҳон – ҷаҳони бе девор», рӯзноманигор Абдуқаҳҳор Қосим намояндагӣ намуд. Дар ин бора Абдуқаҳҳор Қосим ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Дар фестивал 50 шоиру нависанда аз Москва, Санкт-Петербург, Кронштадт, Кемерово, Новокузнетск, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Эстония, Қирғизистон, Туркия ва дигар манотиқи пасошӯравӣ ширкат доштанд.
Тибқи иттилои Абдуқаҳҳор Қосим, «дар фестивал зикр гардид, ки муоширати меҳмонони фестивал бо хонандагони рус, муколама дар бораи сарнавишти забон ва адабиёти рус дар хориҷи наздик дар шароити муосир ҳамчун унсури муҳими дипломатияи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ниҳоят муҳим аст. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ба меҳмонон ва ширкаткунандагони ҷашнвора номаи истиқбол фиристода, таъкид кардааст, ки «ин анҷумани эҷодӣ бояд минбари муҳим барои таблиғи мероси ғании адабиёти рус, таблиғи мавқеи забони русӣ ва адабиёти рус гардад. Албатта, дар шароити ҳозира вусъати робитаҳои байналхалкию маданӣ ва гуманитарӣ ба нигаҳ доштани муҳити дӯстӣ ва боварӣ миёни халқҳо мусоидат мекунад».
Ҳамчунин дар доираи фестивал мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами адабиёт, вохӯриҳо бо адибону шоирон дар мактабҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, китобхонаҳо, мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ғайра баргузор шуданд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ӯ дар вохӯрӣ бо шунавандагон дар Донишгоҳи техникии Нижний Новгород ба номи Алексеев, китобхонаи марказии Дивеево, китобхонаи ба номи Т.Г.Шевченко, китобхонаи вилоятии ба номи В. И. Ленин, мизҳои мудаввар ва «Батли шоирон» ва ғайра иштирок намуд. “Ман зимни маърӯзаҳо дар бораи мавқеи забону адабиёт сухан намуда, ба суолҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавоб додам ва бо ду забон- русӣ ва тоҷикӣ шеърҳоямро қироат намудам”.
Евгений Ширшов, роҳбари лоиҳаи Фестивали байналмилалии адабии ба номи Максим Горкий зикр кард, ки «ҷашнвораи мо ба он нигаронида шудааст, ки шавқу рағбат ба китобхонӣ тавассути таваҷҷуҳ ба адибон инкишоф ёбад. Давоми 6 рӯзи кори фестивал зиёда аз 100 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҳамаи китобхонаҳои Нижний Новгород ва 8 ноҳияи вилоят вохӯриҳо бо нависандагон ва шоирон гузаронида шуд».
Ташкилотчии Фестивали байналхалқии адабиёти ба номи Горкий, лауреати Мукофоти байналхалқии адабии ба номи Э. Хеменгуэй шоир ва нависанда Дмитрий Бурдин буда, фестивал бо дастгирии ҳукумати вилояти Нижний Новгород ва маъмурияти шаҳри Нижний Новгород баргузор шуд.
Ташкилкунандагони фестивал созмони хайрияи ҷамъиятии Нижний Новгород «Роҳи некӣ» ва Раёсати минтақавии лоиҳаҳои фарҳангию маърифатии вилояти Нижний Новгород мебошанд.
АКС аз бойгонии рӯзноманигор Абдуқаҳҳор Қосим








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






