ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст.
Инчунин 2-3 ноябр бо сабаби бориши бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якбора баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумуҳурӣ ҳавои қисман абрнок мешавад. Дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11 дараҷа, рӯзона 17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6 дараҷа ва рӯзона 12 дараҷа гарм мешавад.
Аз 2 то 5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 13 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 21 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок мешавад. Дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 ва рӯзона то 15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 4 ва рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳида ВМКБ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 5 ва рӯзона то 15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 9 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Хатлонро ҳавои қисман абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борони бошиддат интизор аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона то 21 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 11 ва рӯзона 14 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






