Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.
Роҳбари Палатаи болоии парламенти Россия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуданд.
Сарвари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикоташон самимона изҳори сипос намуданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари давлати мо зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русия, изҳори боварӣ карданд, ки робитаҳои байни Тоҷикистону Россия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






