Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода» — ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода» оғоз гардид.
Президенти мамлакат иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.
Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад.
Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави соҳаи маориф 48 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд, ки аз ин 25 нафарашон омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.
Дар ошёнаи якуми бинои мактаб синфхонаи компютерӣ, маҳфили эҷодӣ ва 2 синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, 6 синфхонаи дигар дар ошёнаи дуюм мавҷуданд. Китобхона ва синфхонаи шоҳмот дар ошёнаи сеюм ҷойгир мебошанд.
Аз рӯи лоиҳа дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар, толори варзиш, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон сохта шуда, барои алоқамандони варзиш тенниси рӯйи миз гузошта шудааст.
Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ҳудуди мактаб майдончаи бозии футбол бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулияти варзишӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






