Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон тасҳифи хабари расонаҳоро оид ба мулоқоти сафир бо муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии гумруки он кишвар тасҳеҳ намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба хабари баъзе расонаҳо оид ба мулоқоти Сафир А. Раҳмонзода бо муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон И. Мухтаров дар чунин шакл ислоҳ намуд:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар робита ба иттилои воситаҳои ахбори омма оид ба таъсиси гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон маълумот медиҳад, ки 22 октябри соли равон зимни вохӯрии Сафир А. Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон И. Мухтаров амалисозии тадбирҳои мушаххас дар самти афзудани иқтидори қабули автомашинаҳои боркашонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» – «Бекобод» баррасӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки айни замон рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ афзоиш ёфтааст. Лозим ба зикр аст, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан (аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ) амал мекунад.
Бо назардошти ҳолати мазкур зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи аз лиҳози техникӣ таҷҳизонидани гузаргоҳҳои дигари сарҳадӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ надоранд, аз ҷумла гузаргоҳи амалкунандаи «Зафаробод» — «Хавасобод» ва ба дараҷаи байналмилалӣ баровардани онро муҳокима намуданд.
Аммо, дар баъзе расонаҳо маводи мазкур каме нодуруст шарҳ дода шудааст, ки ислоҳ мехоҳад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






