Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони бинои беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати майдони нишони давлатӣ ба сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак», ки дар он беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат ва маркази саломатии ноҳиявӣ ҷойгир карда мешаванд санги асос гузоштанд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматарсонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Барои бунёду таҷҳизонидани бинои мазкур Бонкии Осиёии рушд 4 миллиону 447 ҳазор, аз ҷумла барои сохтмон 3 миллиону 415 ҳазор доллар (34 миллион сомонӣ) маблағ ҷудо кардаст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иқлими соф» буда, иншооти тиббӣ аз се бахш, ҳар як кадомашон иборат аз се ошёна тарҳрезӣ карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайянгардида, ва бо сифати баланд бунёд намудани маҷмааи мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид






