Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ёдоварӣ аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуданд.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карда шуд.
Собиқадорони шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста, ғамхорӣ ба ҳама табақаҳои ҷомеа, бахусус барҷомондагону собиқадорон изҳори сипос карданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад






