Шерализода ва Катрин дар Никосия масъалаҳои марбут ба экологияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масоили таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Швейтсария дар шаҳри Никосия- пойтахти Кипр имрӯз зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Директори Агентии федералии ҳифзи муҳити зист хонум Катрин Шнебергер мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои ҷории созмонҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин самтҳои пешбинишавандаи густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ карданд. Ҳамчунин тарафҳо зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, диққати махсус ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии пиряхҳо ва бунёди Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо матраҳ намуданд.
Баҳодур Шерализода доир ба тамоюлҳои кунунии соҳаи экология ва тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва омодагии Тоҷикистон ба конфронси ҷонибҳо дар Миср маълумот дод. Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо тақвият диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 9-уми вазирон оид ба муҳити зист (EfE) дар Никосия баргузор гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






