Татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли, коршиносони бонки мазкур Чарлз Харпи ва Анелия Мюллер масъалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ Завқӣ Завқизода ба Озан Севименлӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалияти кишвар минатдорӣ баён намуд.
Ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро ҷиҳати мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ шудааст, инчунин татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
З. Завқизода аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллиро бо назардошти пешгирӣ ва кам кардани таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим зиёд намоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






