Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо интихобкунандагони ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин бо аҳли ҷамоати ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент мулоқот намуд. Вохӯрӣ дар доираи ҳафтаи парлумонии минтақавӣ шуруъ аз 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои зикргардида баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.
Силсиламулоқотҳои вакил аслан ба фаъолияти конунгузории Мақомоти олии қонунгузори кишвар, омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр ва ноҳиҳоҳоя мазкур дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, захираи маводи ғизоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористидошта ва маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ равона гарда буд.
У инчунин вобаста ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор гардада буд, сухан ронда, зикр намуд, ки маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият заҳмат кашида, барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошта, давлатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшиданд.
Инчунин, у илова намуд, ки вақт ва таҷрибаи таърихии си соли пас аз истиқлолият собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надоштааст.
Номбурда инчунин вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон сухан ронда, хизмат дар сафи Артиши миллиро шарафу номус ва мактаби матонату мардонагии фарзандон унвон кард.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






