Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Октябрь 6, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АММТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шурӯъ шуд, ки то 9 октябр идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну сол (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Дар рӯзи дуюми нерусанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи «D» ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад.

Дар нимфинал варзишгари мо ба муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вохӯрда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн сазовор шуд.

Зайниддин Мақсудов  дар вазни -78кг-и гурӯҳи «С» ҷои панҷумро касб кард. Зайниддин дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хӯрд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 6, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад