«WADAIKO SAI» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳунарнамоӣ менамояд

Октябрь 26, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон ва таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон бори нахуст гурӯҳи нақоранавозони ҷопонии «WADAIKO SAI» дар Тоҷикистон бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Консерти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду шаҳри Тоҷикистон: 26 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва 27 октябр дар Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Нақоранавозони моҳир оҳангҳои анъанавии ҷопониро иҷро карда, техникаи беназири навохтани «вадайко» (нақораи анъанавии ҷопонӣ) ва «нокан» (найи ҷопонӣ)-ро намоиш хоҳанд дод. Тавассути ин консертҳо тамошобинон имкон доранд бо мусиқии суннатии ҷопонӣ шинос шаванд.

Бояд зикр намуд, ки «WADAIKO SAI» — гурӯҳи ҳунарии касбиест, ки мутрибони он асосан нақораи анъанавӣ («вадайко») ва дигар асбоби суннатии ҷопонӣ, аз қабили най («нокан») менавозанд.

Ин гурӯҳ аз ҷониби Такаюки Касай соли 2005 ҳамчун маҳфили мусиқии донишгоҳ таъсис шуда, аз соли 2013 ба таври касбӣ ҳунарнамоӣ менамояд.

Аъзои гурӯҳ то имрӯз дар 25 кишвари ҷаҳон беш аз 2000 консерт намоиш додаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид