«16 ноябр. Санаи таърихие, ки моро ба қаламрави саодат раҳнамун кард»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №215 (24 574), чоршанбе, 9 ноябри соли равон хабару гузоришҳоро зери унвони «Мулоқоти Пешвои миллат бо Дабари кулли СММ Антонио Гутерриш», «Вохӯрии Сарвари давлат бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ», «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф», «Хоруғ. Танзими ҳаракат дар роҳҳо танзими шаҳрдорист!» ва «Дзюдочии № 1-и сайёра. Бо ифтихор дар бораи Темур Раҳимов- ҷаҳонпаҳлавони тоҷик» ба нашр расонидааст.
Дар ин шумора матлабҳои гуногун доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз қабили «Тоҷикистон. Ҳифзи арзишҳои экологӣ аз арзишҳои меҳварии давлатдорист», «Ванҷ. Вақте дасту дили мардум гарм аст…», «17 рӯзи башоратбахш. Хотираҳо аз иҷлосияи таърихӣ», «Конститутсия ва эҳёи дурнамои давлатсозии миллӣ», «16 ноябр. Санаи таърихие, ки моро ба қаламрави саодат раҳнамун кард» ва «Волояти қонун. Форуми ҳаштуми миллӣ баргузор гашт» пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Муаллифи маводи «16 ноябр. Санаи таърихие, ки моро ба қаламрави саодат раҳнамун кард» прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, полковники адлия Бахтиёр Шарифзода чунин нигоштааст: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърих бо ҳарфҳои заррин бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» сабт ёфтааст, ки барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён аҳамияти ниҳоят бузург доштани анҷумани мазкурро таъкид месозад. Тирамоҳи соли 1992 баҳри барқарор кардани сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ вакилони мардумӣ аз саросари кишвар барои баргузор намудани Иҷлосияи XVI ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд омаданд. Кори Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабр давом кард ва роҳи наҷоту эҳёи давлатдории нави миллиро ҳамвор сохт…».
Ҳамчунин дар ин матлаб муаллиф муҳимтарин дастовардҳои ин иҷлосияи таърихиро таҳлилу баррасӣ намудааст. Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора мутолиа намояд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 8 ноябр №137 (4557) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)-ро зери сарлавҳаи «Офатҳои бесобиқаи соли равон собит карданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад», инчунин паёми шодбошии Сарвари давлатро таҳти унвони «Конститутсия ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат аст» ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва сафари кори Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Арабии Миср нашр намудааст.
Инчунин дар саҳифаи дуюми ин нашрия мулоқоти Сарвари давлат дар ҳошияи конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо як зумра намояндагони давлатҳо ба нашр расидааст.
Дар ин шумора машварати ҳуқуқӣ зери унвони «Саркашӣ аз пардохти алимент ҷиноят аст» чоп шудааст, ки дар он муаллиф Мафтунаи Ҳисорӣ чунин нигоштааст: «Пас аз пош хӯрдани оилаҳо фарзандон бештар дар тарбияи модар қарор мегиранд. Аз сабабе, ки бархе аз занҳо кори муносиб ё доимӣ надоранд, тарбияи фарзанд ва бори зиндагӣ ба дӯшашон меафтад. Дар баробари он ки ба кӯдакон тарбияи маънавӣ лозим аст, мушкили моливӣ низ пайдо мешавад…». Хонанда имкон дорад, ки доир ба ҳалли ҳуқуқи ин масъала аз матлаби мазкур маълумот пайдо намояд.
«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №46 (20379), 9 ноябри соли равон дар баробари дигар нашрияҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), сафари корӣ ба Миср ва мулоқот бо намояндагони дигар кишварҳои хориҷӣ, инчунин сафари кории Сарвари давлат бо вилояти Хатлонро инъикос намудааст.
Ҳамчунин дар ин шумора доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз зери унвонҳои «XVI сессия решила судьбу таджикского народа», «Кто приготовил «плов мира» исторической сессии?», «Горная промышленность в ГБАО имеет большие перспективы» матолиб ва хабару гузоришҳои муҳим ба нашр расидаанд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи №44 (1387), 9 ноябр сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёми шодбошии Сарвари давлат ва дигар мулоқотҳои сатҳи баландро инъикос намудааст.
Инчунин дар ин шумора зери сарлавҳаи «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат», «Албом-эстафета»- меҳмони Душанбе», «Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ: дастоварди бузурги миллат», «Дар сояи ёдҳо», «Сабақи зиндагӣ» ва хабару гузориш оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»