ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Кўлоб ба шарафи Рўзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Кўлоб бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир гардид.
Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ ва кормандони дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.
Пеш аз оғози роҳпаймоӣ дар пояи Парчами давлатӣ гулчанбар гузошта шуд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб