Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Ереван таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амният баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои чорабиниҳо дар марҳилаи байниҷаласавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда табодули афкор сурат гирифт ва рӯзномаи иҷлосияи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ тасдиқ гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа якчанд санадҳоро, ки ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими суботу амният ва рушди самтҳои ҳамкории кишварҳои узви СААД равона шудаанд, ба имзо расониданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






