Аргентина хостори бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна дар ҳудуди Тоҷикистон аст

Ноябрь 24, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави мамлакат бо истифода аз сармояи Ҷумҳурии Аргентина аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франсиско дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баррасишуда изҳор доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 24, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд