Ашурбой Солеҳзода ва Лалита Муртӣ дурнамои рушди Тоҷикистонро дар заминаи рӯйдодҳои ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 ноябр вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода бо Директори минтақавӣ оид ба рушди одилона, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Лалита Муртӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Зимни мулоқот вазъи макроиқтисодӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рӯйдодҳои ахири ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ гардид.
А. Солеҳзода тақвияти ҳамкории манбаъдаро дар самтҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба таҳлил ва омодасозии гузоришҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои зикргардида зарур арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот ислоҳоти зарурии тадбирҳои сиёсӣ ва баррасии хароҷоти давлатӣ- масъалаҳои стратегӣ оид ба рӯзномаи миёнамуҳлати ислоҳот баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон маълумоти мухтасар дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






