БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсия баргузор шуд

Ноябрь 4, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ: заминаҳои таърихӣ, пояи самаранокии низоми сиёсии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.

Дар конференсия Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, Абдулмаҷид Достиев, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода иштирок намуданд.

Пеш аз оғози конференсия меҳмонон аз Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 30 сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошт. Он хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард. Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти таърихии ин Иҷлосияи сарнавиштсози миллат чунин таъкид намудаанд: «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ва Абдулмаҷид Достиев аз таҷриба ва хотираҳои худ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ташаккули сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад. Дар ҳақиқат, дар он шароит Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат мардуми парешонро сарҷамъ намуда, садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардониданд.

Дар фарҷом ба вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ва Абдулмаҷид Достиев се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» тақдим гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 4, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад