БАХШИДА БА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Президенти Тоҷикистон то моҳи августи соли равон 400 маротиба сафари хориҷӣ анҷом додаанд

Ноябрь 13, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 400 маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Сарвари давлат, аз ҷумла 68 маротиба ба Россия, 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон ва ба кишварҳои гуногуни сайёра баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сафарҳои дигар анҷом додаанд. Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудааст, далели ин гуфтаҳост. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992-2022 ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» омода ва ба намоиш бароварда шудааст.

Харита шакли чоркунҷа дошта, ҳаҷмаш 150 х 130 см мебошад. Харитаи мазкур доир ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 маълумоти фаровонро дар бар гирифта, дар манзари харитаи ҷаҳон бо тасвири аломатҳои муосири харитасозӣ ва феҳрист доир ба таърихи рӯз, шаҳр, давлат ва мақсади сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинанда маълумот медиҳад.

Ин харита дар толори «Истиқлоли давлатӣ» ва гӯшаи Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ манзури тамошобинон гардидааст. Инчунин дар ин гӯша аксҳои Сарвари давлат бо президентони дигар кишварҳо низ ҷой дода шудаанд.

Сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ Фирдавси Абдулҳамид дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар қисмати поёни харита ҷадвале мавҷуд аст, ки он сол, кишварҳо, шаҳрҳо ва ҳадафи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр шудаанд. Дар харита инчунин тамоми унсурҳои харитасозии муосир ба инобат гирифта шуда, маълумот возеҳу равшан пешниҳоди тамошобинони Осорхона гардонида шудааст.Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷиро барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон