Беҳтарин содироткунандагони Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 субъекти ватанӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ғолиби озмун гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 28 ноябр дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии содирот якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд гузаронида шуда, беҳтарин содироткунадагон аз рӯи номинаҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб гардиданд. 61 субъекти ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намуданд. Субъектҳои хоҷагидорӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамуда саволномаро тибқи шакли муқарраршудаи озмун пур намуда, ба Агентӣ пешниҳод намуданд.
Таҳлили ҳуҷҷатҳои иштирокчиён ва муайян кардани ғолиб аз рӯи ҳар номина аз ҷониби Комиссияи экспертӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз 61 субъекти ватанӣ 31 субъект ғолиби озмун дониста шуда, соҳиби ҳайкалча ва дипломи озмун гардиданд. Ба 30 субъекти дигар барои иштирок дар озмун диплом супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии содирот дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» вазифадор шуда буд. Бо ин мақсад дар назди Агентӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Мақсад аз баргузории Озмун – афзоиш додани ҳаҷм ва рақобатпазирии маҳсулоти содирот, бахусус маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд ва маҳсулоти ашёи ғайрихом, тақвият додани ҳавасмандӣ ва омилҳои ба рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, мусоидат кардан ба беҳтар намудани намои тиҷоратии Тоҷикистон ва эътибору нуфузи содироткунандагони ватанӣ дар бозори дохиливу хориҷӣ мебошад.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад






