Бо супориши Пешвои миллат корхонаи «Тоҷикагролизинг» ба Бадахшон 3 трактори шудгоркунанда дастрас намуд

Ноябрь 9, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Тоҷикагролизинг» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 трактори шудгоркунанда дастрас намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки соли равон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 адад чунин техникаи замонавӣ дастраси деҳқонони Бадахшон гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи суханрониҳояшон ба масоили таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида диққат дода, таваҷҷуҳи аҳолии кишварро пайваста ба ин масъалаҳои муҳим ҷалб менамоянд.

Деҳқонон ва кишоварзони вилоят аз дастгирии ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат изҳори хушнудӣ намуда, дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки даҳчанд заҳмат кашида, бозорҳои маркази вилоятро бо маҳсулоти тоза таъмин намоянд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 9, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»