Бонки Эсхата муҳлати эътибори корти VISA-ро ба ҷои 2 сол то 5 сол тамдид намуд

Ноябрь 17, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Эсхата шурӯъ аз 16 ноябр эътибори корти VISA-ро ба ҷои 2 сол то 5 сол тамдид мекунад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур.

«Навоварӣ барои он кортҳои нави VISA эътибор дорад, ки аз 16 ноябри соли 2022 фармоиш дода мешаванд. Муҳлати эътибори корт, сарфи назар аз тарзи фармоиши он 5 сол хоҳад буд», — таъкид намуданд дар бонк.

Ба гуфти масъулини Бонки Эсхата, истифода аз корти VISA бартариҳои зерин дорад: имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ дар саросари ҷаҳон, дар ҳама он нуқтаҳое, ки бо логотипи VISA ишора шудаанд, интернет-пардохтҳо, зиёд кардани маблағ: + 3% солона дар бақияи корт, ба даст овардани туҳфаҳои қиматбаҳо дар доираи аксияи “Бурди афсонавӣ” https://eskhata.com/about/news/6521/.Муҳлати амали корт барои ҳама намуди кортҳои VISA (сомонӣ/доллари ИМА) тамдид карда мешавад. Нархи кортҳои VISA бетағйир боқӣ мемонад. Ҳангоми фармоиш додани корт тавассути “Эсхата Онлайн” ба мизоҷон аз арзиши корт 50% тахфиф дода мешавад.

АКС: Бонки Эсхата

Ноябрь 17, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд