Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ доир гардид

Ноябрь 30, 2022 16:57

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муҳокимаи парламентии мазкур дар асоси дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 11 ноябри соли 2022 роҳандозӣ гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ, ки таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода сурат гирифт, аъзои кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, роҳбарият ва аъзои кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбарият ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ, иштирокдорон дар атрофи масъалаҳои вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, сатҳу сифати таҳсил дар ин муассисаҳо, маблағгузории соҳа, самараноку сарфакорона ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ба соҳаи маориф равонашуда, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки баррасии масъалаҳои мазкур иқдоми саривақтӣ буда, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди он пайваста ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул ва тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Маблағгузории соҳаи маориф дар даврони истиқлолият сол то сол афзоиш ёфта, соли равон 18,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дод.

Дастовард ва масъалаҳои мубрами соҳаи маориф аз ҷониби Президенти кишвар зимни ироаи Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бо вуҷуди он ки ҳоло раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур шуморида шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Аз ин рӯ, дар назди Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута масъала гузошта шуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба вазъи кунунии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, камбудиву мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳал ва бартараф намудани онҳо, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт равона созанд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи зикршудаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсил дар ин муассисаҳо, ки зимни муҳокимаи парламентӣ бо ҷалби роҳбарон ва масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои марбута ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ карда шуд, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва беҳсозии вазъ дар ин самт тавсияҳои дахлдор таҳия карда шаванд.

Бо назардошти мубодилаи афкор, натиҷаи муҳокимаҳо ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида вобаста ба паҳлуҳои муҳими масъалаи матраҳгардидаи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ тавсияҳо қабул карда шуданд, ки татбиқи самарабахшу амалии онҳо ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2022 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид