ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. 13 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 13 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Тибқи нақшаи ноҳия, то охири сол беш аз 100 нафар омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, масъалаи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудани омӯзгорон зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ва Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода охири моҳи октябр дар муассисаи таълимии рақами 39-и ноҳия баррасӣ гардида буд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъу шароити зиндагонии омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ гардидааст.
Таъмини омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ ба имтиёзҳои муқарраргардидаи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» асос ёфта, тибқи он омўзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






