ДИРАФШИ КОВИЁН. Аз қадим то имрӯз тоҷикон парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолу Ваҳдати халқ ва Пойдории давлатдории миллӣ истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон яке аз қадимтарин халқияти ориёӣ мебошанд, ки Дирафшро ҳамчун рамзи Истиқлол, рамзи давлатӣ, рамзи Ваҳдати халқ аввалин маротиба истифода намуда, таҷрибаи парчамдориро ба миён овардаанд. Чунин ибрози назар намудаанд ходими хурди илмӣ (Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Буризода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Балхия Давлатмуродзода дар мақолаи худ, ки бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Facebook дарҷ гардидааст.
Ба зикри муаллифон дар таърихи инсоният шояд миллати дигаре набошад ва ё нодир бошад, ки Дирафшро дар лаҳзаи аз ҳама ҳассостарини мубориза бо душмани ашаддии худ ҳамчун рамзи Истиқлол ихтироъ ва баланд афрошта, дар зери ливои он бар душман ғалаба намуда, давлатдории мустақилу соҳибихтиёри худро эҳё намуда бошад. Достони таърихии марди бузург аз ниёгони миллати тоҷик – Коваи Оҳангар, ки дар асари «Шоҳнома»-и мутафаккири оламшумул Абулқосими Фирдавсӣ баён гардида аст, аз эҷодкорӣ ва назарияпардозии миллат ҳикоят дорад.
Дирафши Ковиён
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, парчамҳо таърихи беш аз 3-4 ҳазорсола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд, ки рамзи истиқлолияту озодӣ ва сулҳу субот мебошанд.
Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимии тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст.
Дирафши Коваи оҳангар (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) аз онҷо сарчашма мегирад, ки Кова пешбанди чармини худро бар сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳоки морон бархост, халқро ба шӯриш даъват намуд ва бар Заҳҳок ғалаба кард. Шоҳ Фариддун он байрақро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот ороста буд ва арабҳо онро ҳангоми истилои Эрон ба ғорат бурданд.
Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ ин дирафшро чунин тасвир карда менависад:
Фурӯ хишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «ковиёнӣ дирафш».
Бояд тазаккур дод, ки солхои 80-ум рӯзномаи «Созмони ҷавонони Афғонистон низ «Дирафши Ковиён» номгузорӣ гардида буд.
Дирафши Ковиён — дар маркази Ливои Президент
Дирафши Ковиён дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.
Хотиррасон мешавем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поин баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.
Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст. Дар маркази Ливо тасвири парчами қадимии тоҷикон – «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» — чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст. Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст.
Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. «Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ мешавад.
Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.
Дар қисмати болоии чўбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ў ҳаккокӣ мешаванд.
Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад…
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»