ФУТЗАЛ. Шоми имрӯз миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия бозии дуюми рафиқона доир мешавад
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Россия дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо- дастаи мунтахаби футзали Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда буд. Бозии рафиқона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Россия 7 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуда бо пирӯзии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон анҷом ёфт.
Мавриди зикр аст, ки нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев ва Дилшод Саломов ба нишон расонданд. Ду голи дастаи мунтахаби Россия ба Янар Асадов ва яктоаш ба Сергей Денисов марбут аст. Дар нимаи дуюми рақобат мизбонон ҳафт гол ва меҳмонон чаҳор гол ба нишон расониданд Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи дастаи мунтахаби Россия чаҳор гол (яктоаш аз пеналти) ворид кард. Се голи дигари мизбононро Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба нишон расониданд. Се голи дастаи мунтахаби Россияро дар нимаи дуюми бозӣ Янар Асадов ва як голро Артём Ниёзов ба ҳадаф расониданд
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 20:00 дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Россия дар Душанбе бозии дуюми дӯстона баргузор мекунанд.
Акс: ФФТ








Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд






