Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ карданд

Ноябрь 8, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон бахшида ба Рӯзи ифтитоҳи «Мактаби олии рушд ва ҳамкории байналмилалӣ» ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор шуд, ки дар он хизматчиёни давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамасола чун анъана дар моҳи ноябр бахшида ба Рӯзи кушодашавии «Мактаби олии рушд ва ҳамкории байналмилалӣ» бо иштироки ҳайати професорон, омӯзгорон ва кормандони раёсати донишгоҳ, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз мамлакатҳои гуногуни олам, ки дар Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон таҳсил мекунанд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шароити мутантан баргузор карда мешавад. Чун анъана, дар он донишҷӯён аз ҳар давлати ҷаҳон бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мамлакати худро муаррифӣ менамоянд.

Дар ин ҳамоиш аввалин маротиба аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сазовор Муродов, Аминҷон Пиров, Фарибо Идибекзода, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Аскарзода, Рустамҷон Умаров, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Мирзоев бо пешниҳоди таомҳои миллӣ, намунаи дастдӯзиҳо ва ҳунарҳои мардумӣ фарҳанги миллии таърихии миллати тоҷикро бо пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бахши имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони мамлакатҳои гуногуни олам муаррифӣ намуданд. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯроки миллӣ- «Оши палав»-ро, ки ҳамчун хӯроки миллии хоси миллати тоҷик аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудааст, пешниҳоди иштирокчиён намуданд.


Дар ҳамоиш донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои Амрико, Олмон, Голландия, Чин, Малайзия, Индонезия, Шри-Ланка, Бангладеш, Африқо, Мозамбик, Уганда, Миср, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Филиппин, Ветнам, Муғулистон, Ҷопон, Бутан ва Непал иштирок доштанд.

Хӯрокҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон бо тамъ ва лаззати нотакрорашон ба тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати донишгоҳи Хиросимаи Япония низ барои иштироки фаъол баҳои баланд дода шуд. Масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бори аввал аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд ва он миёни дигар кишварҳо олитарин ҳисобида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ин хизматчиёни давлатӣ дар доираи ҳамкории Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази ҳамкории байналмилалӣ ва Агентии Ҷопон барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 дар доираи бурсияҳои ҷудогардида ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода шуданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд