«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Дар Тоҷикистон маъракаи ташхис ва муоинаи ройгон роҳандозӣ мегардад

Ноябрь 30, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани хизмати ройгони тиббӣ ба аҳолӣ маъракаи «Корвони саломатӣ» ба роҳ мондааст. Дар доираи он сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас намуд, ки онҳо дорои дастгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд.

Бо истифода аз нақлиёти махсуси сайёр сокинони дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ марҳила ба марҳила ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 30, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд