Миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ду созишнома баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2022 13:34

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд дар доираи баргузории ҳамоиш бахшида ба робитаҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ- «Глобал шлюз» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ду созишнома баррасӣ гардид, хабар медиҳад Директори Радиои «Ховар» Саидҷаъфар Ашӯрзода аз макони рӯйдод.

Зимни баррасии созишномаҳои мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини директори генералии Мудирияти генералии шарикии байналмилалӣ (DGINTPA) Мариета Ягер иштирок намуданд.

Тавре Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз намуд, «ду созишномае, ки имрӯз баррасӣ гардиданд, дар соҳаи энергетика ва об мебошад. Созишномаи якум ба кумаки техникӣ равона гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ислоҳоти соҳаи энергетикаро мегузаронад. Маблағи кумаки техникӣ 15 млн евроро дар бар мегирад. Созишномаи дуюм ба соҳаи об нигаронида шудааст, ки маблағи он 14 млн евроро ташкил медиҳад».

Мавсуф зикр дошт, ки «ин созишномаҳо на фақат аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ доранд. Дар доираи ин созишномаҳо Тоҷикистон ҳамкорӣ бо дигар кишварҳоро низ рушд медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад