Мониторинги назоратӣ дар Мурғоб бозгӯи он аст, ки ниҳолҳо дар ҳолати хуби инкишоф қарор доранд
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мониторинги назорати ҷамъбасти аввали моҳи тирамоҳ дар ноҳияи Мурғоб доир ба сабзиши растаниҳо бозгӯи он аст, ки ниҳолҳои дар фасли баҳор дар ин минтақа шинонида дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаи кори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб дар мавсими баҳори имсол барои сабзазоркунии ҳудуди ноҳия аз мавзеи Дӯзахдараи ноҳияи Шуғнон 5000 қаламчаи ниҳолҳое, ки ба иқлими баландкӯҳи Мурғоб мутобиқанд, дастраси идораву муассиса, корхонаю сокинони ноҳия гардонида шуд. Қаламчаи ниҳолҳо ба тариқи ҳашари дастҷамъӣ шинонида шуда, ҳолати сабзиши ниҳолҳоро мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия мунтазам назорат мебаранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар саҳни ҳавлии бинои маъмурии шуъба тайи ду соли охир парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст, ки мақсади ин озмоишҳо ҷалби таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба парвариши сабзавот дар назди манзилҳои истиқоматӣ мебошад.
Соли равон дар саҳни ҳавлии шуъба картошка, шалғам, турб, пиёз ва кабудиҳо кишт гардида, ҳосили хуб доданд. Илова бар ин, кормандони шуъба парвариши тухми гулҳои таҳҷоиро ба роҳ монда, тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик онҳоро дастраси корхонаҳо ва идораю муассисаҳо гардонанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






