Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия бо Сафири Тоҷикистон ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуд

Ноябрь 4, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук бо Сафири Тоҷикистон дар Москва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки рӯзи панҷшанбе дар сомонаи ҳукумати Федератсияи Россия нашр гардид, гуфта шудааст, хабар медиҳад ТАСС.

«Мулоқот дар остонаи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки қарор аст моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шавад. Мавзӯи асосии гуфтугӯ ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва башардӯстона миёни кишварҳо буд»,- зикр шудааст дар иттилоия.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд