Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Дар оғози суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ аз 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат сухан гуфта, зикр кард, ки «Тоҷикистон ва Ҷопон дар чаҳорчӯби СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ду кишвар дар бисёр масъалаҳои муҳимми байналмилаливу минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта, ташаббусу номзадиҳои якдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо низ тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни ҲХДТ ва намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тавре маълум аст, ҳадафи асосии Агентии мазкур низ мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешбурди ҳамкории байналмилалӣ мебошад».
Дар мулоқот Такасака Мунео иброз дошт, ки «30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии кишварҳо падидаи нек ва хушоянд аст. JICA яке аз бузургтарин ташкилотҳои кӯмакрасон дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, қариб 100 намояндагӣ дорад ва дар зиёда аз 150 кишвари дунё лоиҳаҳоро дар самтҳои гуногун маблағгузорӣ менамояд. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопон дар соҳаҳои маориф, инфрасохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии аҳолӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо дар чаҳорчӯби Кӯмаки расмӣ барои рушд (ODA)-и Ҳукумати Ҷопон инкишоф меёбанд, ки татбиқкунандаи лоиҳаҳо дар доираи барномаи мазкур маҳз Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад».
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баҳои муносиб дода шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло Агентӣ стратегияи кишварии худро дар Тоҷикистон мутобиқ ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи пурсамари он саҳм мегузорад.
Бояд гуфт, ки то оғози соли 2022 JICA дар Тоҷикистон бо ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ҳудуди 40 лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро татбиқ намудааст.
Ҷонибҳо ба тақвият бахшидани ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.
Дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкории ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҲХДТ ва JICA баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, котиби сеюми Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ороми Вазорати корҳои хориҷӣ Бежан Фирӯззода ва ҳамоҳангсози барномаҳои Агентӣ Шоҳрух Атоев низ иштирок намуданд.
АКС: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






