Низорамоҳ Зарифова: «Давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ Сарвари худро пайдо намуд»

Ноябрь 16, 2022 14:03

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва неруҳои марзбониро таъсис дода, фирориёни иҷбориро ба Ватан баргардонад. Мояи хушнудист, ки давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ Сарвари худро пайдо намуд». Ин нуктаро собиқадори меҳнат, ходими намоёни давлатӣ Низорамоҳ Зарипова дар маҷлиси тантанавие, ки дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ тамоми кормандони бонкро бо ин санаҳои таърихӣ табрик намуда, зикр сохт, ки иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар ва ваҳдати миллӣ нақши бузург дошта, маҳз бо баргузории иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва мамлакат аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ раҳо ёфт. «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ нақши арзишманд дошта, ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллӣ ба миён овард. Бо саъю талоши бевоситаи Пешвои муаззами миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона гардид»,- таъкид намуд Сироҷиддин Икромӣ.

Зикр шуд, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ вакилон Роҳбари нави мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои неруи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта, обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамояд.

Зимни маҷлиси тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра кормандони «Амонатбонк» дафтарчаҳои ҳизбӣ супорид. Инчунин бо дарназардошти фаъолияти назаррас ва саҳми арзишманд дар рушди «Амонатбонк» як зумра кормандон бо Ифтихорномаи «Амонатбонк» сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

 

Ноябрь 16, 2022 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи сеюм ва ниҳоии барномаи PCI-ро дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.9020 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2441 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2397 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1140 то 0.1147 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9. 2800 то 9.3000сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8228 то 10.9100 сомонӣ муқаррар шудааст
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид