НОДИР БАРОИ НАСЛИ ИМРӮЗ ВА МЕРОС БАРОИ НАСЛИ ФАРДО. Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон парчаме тақдим гардид, ки тӯли 7 моҳ дар кайҳон буд

Ноябрь 24, 2022 16:07

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин бор  ба қайҳон бароварда шудааст, дар маросими ботантана ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар маросими супоридани парчам муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, Раиси Иттиҳодияи байналмилалии ҳамкории Россия Сергей Калашников, Дабири кулли Иттиҳодияи байналмилалии ҳамкории Россия  В. Полозков, кайҳоннавард Солиҷон Шарипов, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аҳли кормандони Осорхонаи миллӣ ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки “ташаббуси мазкур дар таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия  таъсир гузошта, ин парчам ҳамчун осори нодири замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ барои насли имрӯз муаррифӣ ва барои насли баъдӣ ба мерос гузошта мешавад”.

Кайҳоннавард Солиҷон Шарипов зикр намуд, ки ба қайҳон баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари идома додани корҳои созандаи ниёгон аз ҷониби насли имрӯз буда, аз нақши гузаштагони мо дар рушди илму фарҳанг ва таҳқиқи кайҳон дарак медиҳад.

Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз ё тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солиҷон Шарипов расман ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Баҳри ҳифзу муаррифии шоистаи минбаъда парчами мазкур ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” супорида шуд.

Бояд зикр намуд, ки 24 октябри соли 2004 тоҷикписар -кайҳоннаварди Россия Солиҷон Шарипов дар ҳайати экспедитсияи X Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз намуда, бо худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бурд, ки то 24 апрели соли 2005 дар кайҳон қарор дошт.

Акнун ин нигораи нодир ба толори “Истиқлолият”-и Осорхонаи миллӣ ҳусни тоза зам намуда, дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ нақши муассир мегузорад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2022 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд