Қонун дар таҳрири нав тартиби расонидани ёрии ҳаматарафаи иҷтимоӣ ба оила ва фарзандони шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшударо муайян кард

Ноябрь 19, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон, пешбурди корҳои ҷус­туҷӯӣ ва баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ дар санаҳои муҳим аз ҷумлаи тадбирҳои зарурӣ мебошанд, ки Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои ҳарбии кишвар баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ва бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар андешида истодаанд. Чунин изҳор дошт муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 2 ноябри соли равон баргузор гардид.

Номбурда таъкид намуд, ки мақсади дигари таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин, тартиби расонидани ёрии ҳаматарафаи иҷтимоӣ ба оила ва фарзандони шахсони дар роҳи ҳимояи Ватан синасипаркарда ва ҷонфидою ҳалокшуда мебошад.

Эмомалӣ Собирзода тазаккур дод, ки дар таҳияи нав қабул кардани қонуни зикршуда ба сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат нисбат ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон шароити мусоид фароҳам оварда, барои ташаккули мафкураи ҷамъиятӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоӣ ва қаҳрамонии шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшуда мусоидат мекунанд.

«Мақсади дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Конс­титутсия ва қонунгузории амалкунандаи кишвар, мукаммал кардани истилоҳу ибораҳо, истифодаи якхелаи мафҳумҳо ва бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта мебошад»,-гуфт ў.

Ба гуфтаи муовини якуми Вазири мудофиа, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии истифодашаванда илова ва мушаххас карда шудаанд, аз ҷумла ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда тавассути арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ бо мақсади пайдо кардани қабрҳои ҳарбии бақайдгирифтанашуда, муқаррар намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.

«Инчунин, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳамчун анҷомдиҳандаи кори ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ворид карда шуда, вазифаҳо ва ваколатҳои он мушаххас нишон дода шудаанд»,-иброз дошт Эмомалӣ Собирзода.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода зикр кард, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» аз 6 боб ва 24 модда иборат буда, дар он ҳамаи ҳолатҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва вазифаҳои мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани меъёрҳои қонун мушаххас муайян карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

 

Ноябрь 19, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид