Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 ноябр дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ менамоянд.
ДАР АКС: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ. Москва, 9 феврали соли 2021. Акс: Ҳукумати ФР








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






