Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Россия, Куба, Мексика, Аргентина, Чад ва Гана эътимоднома қабул карданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия Семён Григорев, Ҷумҳурии Куба Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Гилермо Алехандро Пуэнте, Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франисико Саорес, Ҷумҳурии Чад Маҳамуд Адам Башир ва Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршараф ва сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Куба, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина, Ҷумҳурии Чад ва Ҷумҳурии Гана андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ оид ба ҳолат ва дурнамои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, дарёфти роҳҳои нави робитаҳои судманд ва татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки кишварҳои мо ҷиҳати ба роҳ мондани муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, ташаккули минбаъдаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои болозикр самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






