Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева мулоқот намуданд

Ноябрь 6, 2022 20:41

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот саҳми Хазинаро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон таъкид намуда, натиҷаҳои вохӯрии имрӯзаро аз лиҳози баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо воридшавӣ ба узвияти Хазинаи байналмилалии асъор (соли 1993) аз кӯмакҳои он дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла давраи пандемияи коронавирус, баҳраманд гардидааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба рушди устувор, дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамгироёнаи масъалаҳои обу иқлим ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро бо Хазинаи байналмилалии асъор барои Тоҷикистон барои амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бомароми кишвар зарур донистанд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева 06.11.2022

Ноябрь 6, 2022 20:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд