Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии ҶДММ «Шишасохтмон»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Нурматов ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Дар бунёди корхона конструксияи металии ширкати ватании “Хубҷамъ-Инвест” истифода гардида, онро ба таври замонавӣ мутахассисони маҳаллӣ сохтаанд.
Самти фаъолияти корхона ба коркарди шиша, яъне буридан, обу тобдиҳӣ, суфтакунӣ, мустаҳкамкунӣ, сурохкунӣ ва истеҳсоли оина равона шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол коркарди 40 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад.
Дар корхона 9 дастгоҳи замонавӣ барои коркарди шиша васлу насб гардидааст. Маҳсулоти нимтаёр аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар 6 марҳила коркард мешавад, ки барои шишабандии биноҳои баланошёнаи истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, дару тиреза ва ҳамом лозим меояд. Шишаи дар корхона коркардшуда ба гармию сардӣ ва зарба тобовар буда, бехатарии он ба инсон таъмин карда мешавад.
Оина бошад, бо андоза ва намудҳои гуногун дар хати алоҳида истеҳсол карда мешавад. Чунин таҷҳизоти замонавӣ ба ҷумҳурӣ бори нахуст ворид гардидааст.
Дар хати истеҳсолӣ шишаи суфтагардида ва обу тобёфта дар 7 марҳила коркард шуда, аз он бо усули ҷадид оина барои истифодаи рӯзгор истеҳсол карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки қаблан ин намуди маҳсулоти зарурӣ дар мамлакат хеле кам истеҳсол мегардид ва асосан аз хориҷа ворид карда мешуд. Бо фаъол гардидани корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон” талаботи аҳолӣ ба он то андозае аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар бозори дохилӣ талабгори зиёд дорад.
Дар заминаи ба кор андохтани корхонаи мазкур зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар гушаи алоҳида номгуи гуногуни маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур ба намоиш гузошта шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Маҳсулоти шишагӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгу мебошад ва дар асоси фармоиши мизоҷон омода гардида, ҳамчунин бо ҳаҷм ва андозаи гуногун дар бозори дохилӣ ба фуруш гузошта мешавад.
Бунёди корхонаи мазкур дар мамлакат боис мегардад, ки ҳаҷми истеҳсолот зиёд шавад ва ин омил дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






