Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,50 гектар замин бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд ёфтааст. Қутри Нишони давлатӣ 2 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 22 метр баробар аст.
Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 15 нишастгоҳ мавҷуд аст. Дар ин ҷо ҳамчунин як шаршараи зебо бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ки ҷолиби диққат мебошад.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, саёҳату фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҷалби наврасону ҷавонон табдил ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррам намудани атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






