САБАҚИ БЕНАЗИР. Сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи нобасомониҳои он замон нуқта гузошт, гурезаҳоро ба сарзамини худ баргардонид ва ба ин миллат осоиштагӣ ҳадя намуд, ки ҳамаи ин тавассути сиёсати дурусти Сарвари давлати мо амалӣ гардид. Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон доданд. Ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид. Чунин иброз медорад Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром ИСМОИЛЗОДА.
Баҳром Исмоилзода гуфт, ки дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷик ҳамчун марҳалаи нави ташаккули фарҳанги сиёсӣ ҳарф зада, бояд, пеш аз ҳама, нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахусус дар татбиқи он қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар иҷлосияи мазкур қабул гардидаанд, баён дошт.
Аз ҷумла, дар бораи корнамоии ин қаҳрамони миллат собиқ Дабири кулли СММ Кофи Аннан зикр намудааст, ки «Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод». Ё дар ҷои дигар зикр намудааст, ки «Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».
«Маҳз хислатҳои баланди инсонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, самимияти ӯ, ҳисси баланди ризоият дар назди халқу Ватан, садоқат ба кор, тавоноии ҳамфикрӣ бо рақибони сиёсӣ ба ӯ имкон доданд, ки зуд ба шахсияти маъруф табдил ёфта, аз нуфузу эҳтироми бузург бархурдор гарданд»,-афзуд Баҳром Исмоилзода.
Ба шарофати заҳматҳою талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркушӣ, дарбадарии мардуми гуреза қатъ гардида, гурезагон ба макони зисти худ баргаштанд, таҳдиди барҳамхӯрии давлати тоҷикон аз байн рафт. Ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои муқими ҷумҳурии мо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
«Тавре рӯйдодҳои минбаъдаи таърихӣ нишон доданд, интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар ҳифзи давлатдории тоҷикон ва муттаҳидшавии халқи тоҷик нақши муҳим бозид. Дар ин баробар, бунёди давлати нав ба арзишҳои ҷаҳонӣ – эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои демократии давлат, қонун ва адолат асос ёфтааст»-гуфт Баҳром Исмоилзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад






