Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи қолинбофии «Субҳия»-ро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 14, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Пиримқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.

Коргоҳи қолинбофии “Субҳия” дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ карда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳ 11 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб карда шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидаанд.

Дар ин дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ тавлид карда мешаванд. Ин тарзи қолинбофӣ миёни ҳунармандони халқӣ маъмул буда, он маҳз бо таваҷҷуҳи давлат эҳё гардида, рушд меёбад.

Яке аз самтҳои фаъолияти маркази ҳунармандӣ- ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳаҳои Ҳазорчашма, Панҷбоғ, Муҷун ва Истиқлол мебошад. Дар ин деҳаҳо шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофон аз байни занону духтарон зиёд буда, таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва даромаднокӣ мусоидат менамояд. Таъсиси коргоҳ самараи судманди ҳамкории соҳибкорону ҳунармандони тоҷику узбек мебошад. Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон тавсеа ёфта, он имконияти васеъ баҳри таъсиси чунин корхонаҳо ва рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ мегардад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ сифати қолини дастибоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори берунист.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди ҳунари дастӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ин маркази ҳунармандиро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойи кор ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.
Ба истифода додани Маркази қолинбофии “Субҳия” дар ноҳияи Деваштич 14.11.2022

Ноябрь 14, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд