Соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон омодагӣ мебинанд

Ноябрь 28, 2022 14:15

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳру ноҳияҳои кишвар ба давраи  зимистон омодагӣ мебинанд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид, ки дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба давраи зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намудаанд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода шуд. Зимни он ҷараёни иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазир оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур вобаста ба маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш ибрози назар намуд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ноябрь 28, 2022 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард