Соҳибкори ватанӣ Фарҳод Зиёев ба 14 нафар муаллимони мактаби рақами 11-и ноҳияи Қубодиён кумаки молиявӣ расонид
ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он дар баробари дигар масъалаҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин баробар солҳои охир дар вилояти Хатлон шумораи соҳибкороне, ки дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ саҳм мегузоранд, меафзояд.
Аз ҷумла, 1 ноябри соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 11-и ноҳияи Қубодиён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори саховатпеша Фарҳод Зиёев қомат афрохтааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ифтитоҳи бинои мазкур соҳибкори ватанӣ Фарҳод Зиёев ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Ба 14 нафар омӯзгорони ноҳия, ки бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ азми муҳоҷирати меҳнатӣ доштанд, кумаки молиявӣ намудам. Зеро онҳо омӯзгорони тахассусманд буда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши созгор доранд. Рафтани онҳо боиси нигаронии роҳбари муассисаи таълимӣ буд. Бо ҳар яке аз онҳо суҳбат ороста, дар бораи ҳаҷми маблағҳои заруриашон маълумот гирифтам ва мувофиқи имконият кумаки пулӣ расонидам. Ин боис шуд, ки онҳо аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ даст кашида, фаъолиятро дар муассисаи таълимии деҳа идома диҳанд».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ҷавону ватандўст ва маорифпарвар Фарҳод Зиёев барои дастгирии омӯзгорон ва мусоидат дар муҳайё намудани шароити таълиму тарбия аҳсану офарин хонда, амали ҷавонмардонаи ӯро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 11-и ноҳияи Қубодиён аз ду ошёна, 11 синфхона, 3 ҳуҷраи ёрирасон барои 528 нафар хонанда дар ду баст иборат аст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






