«ТАМОМИ ХОКИ ТОҶИКИСТОН ЗАР АСТ!». Пешвои миллат як кӯзаи нодирро чунин ситоиш намуданд

Ноябрь 16, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!». Ин ситоишро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба даст гирифтани ин кӯза, ки аз хоки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъоварда сохта шудааст, баён доштанд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, кӯзаи мазкур аз ҷониби Сарвари давлат ба Осорхона барои нигоҳдорӣ ва ҳифз тақдим гардидааст.

Гуфта шуд, ки моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат иборат аз 240 нафар ташкил гардид. Корвони мазкур сафари худро аз Қулма ва Мурғоби ВМКБ оғоз намуда, дар тамоми минтақаҳои мамлакат ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуда, аз ҳар минтақа як каф хок ҷамъ намуд. Дар охир ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд расида, аз он хоки ҷамъшуда ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаш сохтанд.

Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин ҳамоиш, Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки «ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!».

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар радифи дигар нигораҳо ашёе низ ҷой дода шудаанд, ки барои миллати тоҷик нодиртарин дониста мешаванд.

Яке аз онҳо курсие аз толори Қасри «Арбоб» мебошад, ки дар он Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1992, дар рӯзи сеюми Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, зимни бо тарафдории 186 намояндаи халқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон нишаста буданд.

Ба монанди дигар нигораҳо ин ручка низ рамзӣ мебошад. Зеро бо он Сарвари давлат 11 декабри соли 1996 ба Хостдеҳи Афғонистон барои мулоқот бо иттиҳоди мухолифини тоҷик рафта буданд. Албатта, дар макони ҳамон вақт нисбатан ноором ва хавфноки Афғонистон ҳозир шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин худ нишонаи шуҷоат ва далерӣ буд ва ин далерӣ мухолифинро ба андеша гузошт. Ручкае, ки бо он дар ҷараёни ин музокирот ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд, ҳамчун нигораи нодир дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардидааст, ки то 30 ноябр идома меёбад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст